Р.Эмомалӣ дар истгоҳи намунавӣ: Телефон, камера, терминал... (АКС)
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 25-уми август дар рӯйнамоии нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони Рӯдакӣ иштирок кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ истгоҳи намунавӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ"-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст: “Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошад. Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст”.
Зимни муаррифии лоиҳа ба раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки барои нахустин бор дар бунёди истгоҳ хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияи пешрафтаи иттилоотӣ истифода гардида, истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ бунёд гардидааст: “Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоид хоҳад кард”.
Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки дар вақти бунёди чунин иншоот ба истифода намудани масолеҳи хушсифати истеҳсоли ватанӣ диққати махсус дода шавад, то ки иншооти мазкур солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.
Мувофиқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди хатсайри фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе - корхонаи "Сементбарорӣ" 36 адад истгоҳҳои намунавии нав бунёд мешаванд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ такони ҷиддӣ мебахшад.