Президент ба Ятимов, Юсуф Раҳмон... 300 нафар рутбаю ҷоиза дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми август Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо рубтаи “генерал полковник” сарфароз гардондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар рубтаи генерал-полковники адлия тақдим шудааст: “Теъдоди муайяни хизматчиёни Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои «генерал-майори милитсия», «генерал-майор», «генерал-майори гвардия» сарфароз гардонида шуданд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки “дар маҷмуъ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 300 нафар кормандони соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Зарринтоҷ дараҷаи II, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаҳои I ва II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвонҳои фахрии “Нависандаи халқии Тоҷикистон”, “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, коргарону сохтмончиён, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошанд”.
Ҳамчунин, як гуруҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2017 гардидаанд. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои табиӣ, риёзӣ, тиббӣ, бунёдӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ супорида шуд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намудааст.