Дар меҳмонии Оқил Оқилов: Ҷавонон бояд пуштибони сиёсати Э.Раҳмон бошанд (АКС)
Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ ва Абдураҳмон Қодирӣ, раҳбари Суғд дар доираи рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Суғд аз ҳоли Оқил Оқилов, собиқ сарвазири Тоҷикистон хабар гирифтаанд.
Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати ВМКБ мегӯяд, Шодихон Ҷамшед дар меҳмонии Оқил Оқилов аз саҳми ӯ дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки Оқил Ғайбуллоевич дар амалӣ намудани сиёсати созандаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ дар навбати худ Оқил Оқилов изҳор дошт, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол ба қуллаҳои баланди рушд расид ва имрӯз бояд насли ҷавон бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбари давлат созандагиҳоро идома диҳанд.
Асламшоева афзуд, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарони вилоятҳо инчунин аз ҳоли шахсони дигари обрӯманди вилояти Суғд, аз ҷумла шоири ширинбаёни тоҷик Фарзона хабар гирифтаанд.
Дар меҳмонии Фарзона раиси ВМКБ аз нақши адибон дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои эҷодкорон фазои мусоиди фаъолият фароҳам овардаву фаъолияти онҳоро арҷ мегузорад. Ӯ дар хитоб ба Фарзона афзудааст, ки “Шумо яке аз шоирони ваҳдатсарои кишвар ҳастед, ки мардуми Бадахшон аз эҷодиёти Шумо ғизои маънавӣ мегиранд”.