Падар барои калиди мошин писарашро оташ задааст
Як сокини 51-солаи ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғонаи Узбакистон ба сару рӯи писари 27-солааш бензин пошида, ӯро оташ задааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, баъди ин ҳодиса мард аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир боздошт мешавад.
Ба гуфтаи шоҳидон, миёни писару падар моҷарои мошин будааст. “Падар мехост ба ҷойе биравад, аммо писар калиди мошинро надод. Падар сари қаҳр ба сару рӯи писараш бензин пошида ӯро оташ задааст”,- гуфтаанд шоҳидон.
Мақомот аз ин мард Қурбоналӣ Фозилов ном бурда, изҳор доштаанд, нисбати вай бо моддаи “Талоши сӯиқасд” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои табибон, беш аз 70 дар сади ҷисми писари мард сӯхта ва ҳоло вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.
Моҳи феврали соли гузашта дар шаҳри Бухорои Узбакистон марди 47-солае ба сару рӯи волидонаш сӯзишворӣ пошида, онҳоро оташ зада буд.