Арабистон: Тасаввур ва воқеият-2
Иршод Сулаймонӣ, Ҷидда, Арабистони Саудӣ
Арабистон: Тасаввур ва воқеият
Дар Ҷидда, ки ду се рӯзе дар чанд хиёбон, фурӯшгоҳ ва ду-се то маркази тафреҳи кӯдакон гаштугузор кардам, камтар ба ин бовар будам, ки ин шаҳре аз шаҳрҳои Арабистон аст. Албатта қисмати бештари занҳо ниқоб доранд, вале теъдоди занҳову духтароне, ки ниқоб надошта бошанд (рӯйҳошон кушода) низ кам надидам. Ҳатто дар марказҳои тафреҳӣ барои кӯдакону наврасон ҷавондухтаронеро ҳам вохӯрдан имкон дорад, ки рӯсарӣ надоранд.
Бар хилофи тасаввури ман дар ин шаҳр ҷавонҳо бисёр ришҳои баланду дароз надоранд. Аксари ҷавонон ришҳои пасти дизойншуда доранд ва бештари насли миёнсолтар ҳам риш надоранд.
Мисле дар қисмати аввали ин навишта гуфтам, дар Ҷидда нархи навои мағозаҳо дар қиёс бо бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ арзонтаранд. Яке аз ҳамсафарони курдиямон, ки соли гузашта ҳам ин ҷо будааст, мегӯяд, бозорҳои суннатии ин шаҳр (ки ман то кунун нарафтаам) бо тафовут аз шаҳрҳои дигари ин кишвар арзонтаранд. Ин шаҳр мағозаҳои ҷамъие дорад бо номи “Mall of Arabia”, ки молу колоро хеле гарон намефурӯшанд.
Зарур шуд, ки дар яке аз мағозаҳои бузург бо номи “Max” як ду чиз бихарам. Ман ки инглисиро тақрибан намедонам ва арабии бисёр хароб дорам пули риёл надоштам. Барои фурӯшанда доллар додам, мегуфт бояд риёл дошта бошам ва раҳнамойӣ кард, ки биравам унтарафтар дӯкони саррофӣ аст. Вале ман гуфтам, на арабӣ баладам ва на инглисӣ ҳаминро бигиру чораи корро бикун. Маҷбур шуд яке аз дӯстонашро фиристод саррофӣ, долларро риёл карду овард. Ба ҳар ҳол арабҳо, ки мардуми тоҷиранд ва суннати туҷҷориву савдогарии қадимие доранд он чунон муносибат мекунанд, ки шумо ҳатман миннатдор мешавед.
Дари бозору мағозаҳо вақте азони намозҳо гуфта мешавад, баста мешаванд, то замоне ки намоз тамом нашавад. Чизи дигаре ки барои ман дар ин шаҳр ва дар маҷмӯъ чанд шаҳри ин кишвар ғайриинтизор намуд ин набуди чароғи раҳнамо ва аломатҳои роҳ аст. Бо вуҷуди ин ки ин шаҳр як шаҳри пурмошин аст ва тақрибан нақлиёти ҷамъиятӣ надорад, аломатҳои роҳ, ки ҳаракати пиёдагардҳо ва мошинҳоро танзим кунанд, вуҷуд надорад.
Дар хиёбонҳои шаҳр пиёдагардон тақрибан нестанд. Ин шояд аз гармии бисёр шадиди ҳаво бошад ва ё чизи дигаре, ки чунин аст. Мардуме, ки мошини хусусӣ надоранд бо таксӣ гашту гузор мекунанд. Таксӣ дар ин шаҳр хеле фаровон аст ва агар каси пиёдаеро бибинанд ё садояш мезананд ва ё омада дар муқобилу баробараш чароғҳояшонро чанд бор хомушу рӯшан мекунанд. Набуди аломати роҳҳову чароғи раҳнамо барои меҳмононе, ки ба ин шаҳр меоянду гардиш мекунанд, хеле мушкилзост. Дар рӯзи аввале, ки ба гардиш рафтам агар ҳамсафарам, дӯсти оржентиниям Холид намебуд, ҳеч вақте наметавонистам роҳро ба самти мағоза убур кунам. Чун тасаввур намекардам, ки бояд аз бероҳа убур кунам. Дар Ҷидда одатан намозро дар яке аз масҷидҳои наздик ба ҳутал мехонам. Дар мавриди масҷид инро мегӯям, ки дар ин шаҳр масҷидҳо хеле тозаву тамизанд. Ҳар касе ба шеваву мазҳаби худ намоз мехонад.
Бо як дӯсти қирғизам (номаш Адолат), ки корманди телвизюни давлатии Қирғизистон аст, хостем аз чанд раҳгузар назар бигирем. Ҳангоми назарпурсӣ мушоҳида мешавад, ки мардум зиёд моил нестанд, дар мавриди масоили хусусияшон ва ё давлат суҳбат кунанд.
Баъзе аз дӯстону бародарон шояд нуктагирӣ кунанд, ки ман Ҳаҷҷ рафтаам ва ё сайру тамошо, ки дар мавриди чигунагии Ҳаҷҷу маносики он ва дигар ҷанбаҳои шаръии ин рукни бисёр муҳими дини мубини Ислом наменависам ва бештар рӯйи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ тамаркуз мекунам. Вале дӯстон ҳатман медонанд, ки дар мавриди чӣ гуна анҷом додани маносики Ҳаҷҷ ва шеваҳовутаҷрибаҳо ва дигар ҷанбаҳои шаръии мавзӯъ китобҳои зиёде ҳаст. Вале дар мавриди вазъи иҷтимоиву дигар масоили кору рӯзгори Саудиву саудиҳо мо камтар медонем. Хостам ин камбуди иттилоиву шинохти дӯстонро таллофӣ кунам. Вале агар Худо хоста бошад ва имкон шаваду ин сафаргуфтаҳоро дар шакли китоб нашр кунем, мехоҳам, ки дар ин масоил ҳам аз нигоҳи худам суҳбат кунам.
Вале дар ҳамин навиштаҳо ҳам дар мавриди баъзе дидорҳои худ аз Муҷтамеи нашри Қуръони Малик Фаҳд, Намоишгоҳи Қуръон, Музеи меъморӣ ва тавсеаи Масҷиди Набӣ, куҳи Уҳуду шуҳадои Уҳуд, Масҷиди Қубову Музеями шаҳри Мадина ва дигар амокини муқаддасу дидании Мадина бинвисам. Худо кунад, ки муваффақ шавам.
(давом дорад)