Ҳамлаи Ҳалимов ба бонк: “Болгарка” шикаст...
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ғорати намояндагии ташкилоти амонатию қарзии “Арғун”-ро ҷилавгирӣ карданд.
Тибқи гузориши ВКД ба ШКД-1-и ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ ворид гардид, ки нафаре шабона вориди филиали ташкилоти “Арғун” шудааст: “Муттаҳам дар ҷои ҳодиса боздошт гардид”.
Муттаҳам Бозорбой Ҳалимов, сокини 35-солаи деҳаи Байнали шаҳри Ваҳдат шоҳидӣ додааст, ки тариқи шикастани тиреза вориди намояндагии ин бонки хурд шудааст. Бар асоси навори бозпурсӣ Ҳалимов изҳор медорад, ки “даромадам, бо болгарка сейфро буридам, ки дискаш шикаст. Ду бор задам кушода нашуд, ки садои пои милисаҳоро шунидам. Даромаданд дастгирам карданд”.
ВКД афзуд, ки феълан алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.