Дар кори ҷаласа роҳбарони аввали Иттифоқи «Тоҷикматлубот», бозорҳои коммуналии шаҳр, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва райисони ноҳияҳои шаҳр ширкат варзиданд.
Манбаъ афзуд, дар нишаст қайд гардид, ки рўзҳои 28, 29, 30, 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012 аз ҳисоби захираҳои ташкилотҳои зикргардида дар тамоми бозорҳои коммуналӣ : Шоҳмансур, Саховат, Деҳқон ва Қарияи боло маҳсулоти ниёзи аввалия: гўшти гов то 27 сомонӣ, гўсфанд то 28 сомонӣ, биринҷ то 7 сомонӣ, пиёз ва картошка то 1,7 сомонӣ, карам 1,3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухм 65 дирам ба фурўш гузошта мешаванд.
Барои дастрасии васеи сокинон ярмарка-фурўши номгўи маҳсулоти зикргашта аз ҷониби сохторҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар даромадгоҳи бозори “Шоҳмансур”, вазорати кишоварзӣ дар боѓи ба номи С. Айнӣ ва КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” дар бозори Қарияи боло ташкил карда мешаванд.