Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон имрӯз, 23-юми август барои шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳозир шуданд.
Сулаймон Давлатзода зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироти пешниҳодшуда мансабдорон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат барои нақзи қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ӯ афзуд, ки минбаъд тӯйу маъракаҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 22 ва рӯзҳои корӣ аз 18 то 22 бояд баргузор шаванд.
Раиси Кумитаи дин таъкид намуд, ки хатнасур бо аъзои оила бе даъвати дӯстон гузаронда мешавад.
Масъалаи ҷиҳозондани хона аз тарафи наздикони арӯс дар парлумон баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Вакил Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии тағйирот гуфт, бар асоси модаи 10-и лоиҳа, ин маърака, ки хонакашон ном дошт, манъ шудааст: “Дар баъзан ҳолатҳо то 20 нафар аз ҷониби арӯс рафта, хонаи арӯсро бо ҷиҳоз таъмин мекарданд, ки ин манъ шудааст”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват намуд ва Маҷлис имрӯз тағйироти пешниҳоднамудаи раисиҷумҳурро қабул кард. Видеои лоиҳаи тағйирот ба қонуни танзим: