Дастури Матвиенко барои интиқоли 20 тонна китоби русӣ ба Тоҷикистон
Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои федералии Русия дастур додааст, ки то оғози соли нави таҳсил ба Тоҷикистон 20 тонна китобҳои дарсӣ интиқол дода шаванд.
Дар ин бора Фонди “Русский мир” иттилоъ дода, афзудааст, ки ҳадафи ин иқдом дастгирӣ ва густариши таълими забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ 20 тонна тақрибан 70 ҳазор нусха китобҳои дарсиро дар бар мегирад.
Инчунин дар баробари китобҳо то оғози соли нави таҳсил ҳудуди 30 омӯзгори фанҳои гуногун аз минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, ки бо забони русӣ дарс хоҳанд гуфт.