Истеъфои сарвазири Қирғизистон: Президент шуданист...
Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишвар истеъфояшро расман эълом кард.
Ӯ пештар, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон гуфта буд, намедонад, ки раҳбарии ҳукумати кишварашро кӣ ба зимма мегирад.
Жээнбеков дар шарҳи тасмими истеъфояш ба рӯзноманигорон афзуд, ин масъаларо бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баррасӣ кардааст: "Президент аз ин тасмим ҷонибдорӣ кард ва ман бояд дар интихобот дар шароити баробар бо номзадҳои дигар иштирок кунам".
То кунун дар Қирғизистон се нафар -- Сооронбой Жээнбеков аз ҲСДҚ, раҳбари ҳизби "Оқ Шумқор" Темир Сариев ва раҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Республика - Ота журт" Омурбек Бабанов расман ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи октябри Қирғизистон ба қайд гирифта шуданд.
Баъди қабули истеъфои раиси ҳукумати Қирғизистон аз тарафи президент порлумони ин кишвар дар ҷаласаи ғайринавбатии худ, ки қарор аст 25 август баргузор шавад, сохтори девони вазирон ва ҳайати онро ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Пештар дар интернет хабарҳо нашр шуданд, ки гӯиё эътилофи аксарият дар порлумони Қирғизистон ба мақоми сарвазирӣ раиси дастгоҳи президенти ин кишвар Сафар Исҳоқовро пешниҳод хоҳад кард. Ин хабар то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.
Сооронбой Жээнбеков 13 апрели соли 2016 сарвазири Қирғизистон таъйин шуда буд.