Ҳимояти Президент аз ҳамкории “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз ҳамкориҳои хабаргузории давлатии “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи қарори ҳукумат, ки ҳафтаи гузашта имзо гардид, раҳбари “Ховар” муваззаф шудааст, ки лоиҳаи созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо хабаргузории Қувайт-"KUNA"-ро дар замону макони мусоид барои ҳар ду ҷониб имзо кунад.
Инчунин раҳбари “Ховар” дастур гирифтааст, ки лоиҳаи ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ бо хабаргузории "Anadolu Ajansi"-ро имзо намояд.
Раисиҷумҳур Вазорати умури хориҷиро муваззаф намудааст, ки бо ҷониби Туркия ва Қувайт замону макони мусоид барои имзои созишномаҳои мазкурро мувофиқа созад.