Манбаъ афзуд, дар ин ярмарка 100 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт иштирок ва ба корҷўён 1.854 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 670 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор иштирок намуданд, ки ба 215 нафар барои кор роҳхат дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар фаъолияти мақ омоти давлатии шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад ва тибқи нақша имсол дар пойтахт 32 ярмаркаи ташкил карда шудааст, ки 1183 нафар бо чойи кори доимӣ таъмин шудаанд.Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи бекорӣ соли равон аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 676 ярмаркаҳои ҷолйи кори холӣ доир гардид, ки аз нақшаи солона 176 ярмарка зиёд буда, 9.038 нафар корҷўй ба ҷойи кор роҳхат гирифта аз ин шумора 6680 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин, тариқи ин ярмаркаҳо барои омўзиши касбҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў ба 3.543 нафар роҳхат дода шуда, 1.399 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд, ки дар маҷмўъ 11.224 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд.