Нашри “Осори эроншиносӣ”-и пажуҳишгари тоҷик
Ҷилди аввали китоби “Осори эроншиносӣ”-ии пажуҳишгари номошнои тоҷик, профессор Мирзо Муллоаҳмад аз чоп баромад.
Он бо пешниҳод ва муқаддимаи Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, аз сӯи Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон мунташир шудааст.
Ҷилди якуми китоби “Осори эроншиносӣ” дар 552 сафҳа ба хатти кириллӣ чоп шуда ва 46 мақолаи марбут ба эроншиносиро дар бар мегирад.
Профессор Мирзо Муллоаҳмад умри хешро сарфи пажуҳиш дар заминаи таърихи адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ намуда, то кунун беш аз 60 ҷилд китоб ва 550 мақолаи ӯ мунташир шудаанд.