Тайи даҳ рӯзи ахир дар қаламрави вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ду садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари он 5 нафар ҳалок шудааст.
Иқболшо Мискиншоев, сардори раёсати БДА-и вилоят мегӯяд, рӯзи шанбе, 24 декабри соли ҷорӣ дар километри 60-уми ҷодаи Хоруғ-Душанбе, дар рустои Замари ноҳияи Рӯшон Фармонбек Фармонбеков, ронандаи сабукрави “Жигулӣ” бо мошини мусофиркаши “Чанху” бархӯрдааст. Дар пайи сониҳа, Равшан Муносибоваи 36-сола, мусофири “Чанху” (Тангем) дар маҳалли ҳодиса қурбон гаштааст.
Ба ҳамин монанд дар ноҳияи Роштқалъа мошини “Тангем” аснои ҳаракат дар ҷодаи деҳаи Ванчев ба ҷарӣ сарозер шуда чор нафар сарнишинони он ба ҳалокат расидаанд. Окимшо Нафасбеков, ронандаи мусофиркаш ва як мусофири дигар ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ гирифта, алъон дар касалхона бистарианд.