Гуруҳи хабарнигорони тоҷик 17-уми август шоҳиди дудбароӣ аз домани куҳе дар калонтарин кони ангишти Тоҷикистон-“Фон-Яғноб” шуда, аз талоши масъулин барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии cӯхтори кон, нархи ангишт, сифати он ва ҳаёти ангиштканони тоҷик суол карданд.
Собир Ҳоҷиев, сармуҳандиси корхонаи фаръии “Шахтаи Фон-Яғноб”, ки дар қисмати шарқии кони Фон-Яғноб ба истихроҷи ангишт машғул аст, бо ишора ба дуде, ки аз домани куҳе дар қисмати марказии кон хориҷ мешуд, изҳор дошт, ки ин сӯхтор аз минтақаи тобеияти онҳо берун аст ва аз солҳои қаблӣ аз дохили кон идома дорад. Ӯ дар мавриди омилҳои сар задани сӯхтор дар дохили калонтарин кони ангишти коксшавандаи Осиёи Марказӣ гуфт, ки сабабаш метавонад омилҳои табиӣ бошанд: “Кон махсус газҳо, аз ҷумла метан дорад, ки ҷамъ мешаванду таркиш мешавад. Барои ҳамин мо вақте даруни онро тоза намекунем, газ ҷамъ мешавад. Вақте газ ҷамъ мешавад, мутаносибан таркиш ба амал меояд”.
Ҳоҷиев ба суол дар мавриди талошҳо барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии сӯхтор гуфт, тариқи ҷудосозии минтақа аз паҳншавии он ҷилавгирӣ мешавад.
Суҳбати Ҳоҷиев бо “Озодагон” дар доираи лоиҳаи Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ сурат гирифт, ки Тоҷикистон аз соли 2011 раванди ҳамроҳшавӣ ба ин ташаббусро оғоз кард.
Калонтарин кони таъминкунандаи Тоҷикистон
“Шахтаи Фон-Яғноб” калонтарин истеҳсолкунандаи ангишт дар Тоҷикистон мебошад, ки 60 дарсади тавлидоти ангишт ба ин корхона рост меояд. Имсол нақшаи истеҳсоли ангишт дар ин корхона 710 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Сармуҳандиси корхона гуфт, нақшаи 7-моҳаро 101,3 фоиз иҷро кардаанд: “Аз 710 ҳазор тоннае, ки мо истеҳсол мекунем, 450 ҳазор тоннааш барои Маркази гарму барқдиҳӣ пешбинӣ шудааст. Боқимонда ба ТАЛКО, корхонаҳои дигари саноатӣ ва аҳолӣ фурӯхта мешавад”.
Ҳукумат пешниҳоди болобарии нархи ангиштро рад кард
Ҳоҷиев дар мавриди нархи ангишт гуфт, агар мардум ангиштро аз кон, хокаю калонро омехта гиранд, як тонна 200 сомонӣ арзиш дорад: “Инчунин мо хока ва пораҳои калонро ҷудо мекунем. Як тонна ангиштсангҳои ҳаҷмашон калонтари ҷудокардашуда 285 сомонӣ нарх дорад, хока-200 сомонӣ. Хокаро Маркази гарму барқдиҳии Душанбе ва пораҳои калонро мардум ва ТАЛКО мехаранд”. Ӯ арзиши аслии истихроҷи як тонна ангиштро дар корхонаашон 167 сомонӣ арзёбӣ намуд.
Ба суоли “Озодагон”, ки оё корхонаҳои ангишткан дар болобарии нархи он дар арафаи мавсими сармо даст доранд ё на, сармуҳандиси “Шахтаи Фон-Яғноб” гуфт, нархи як тонна ангишт дар корхонаашон бо тасдиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин мешавад ва давоми се соли охир тағйир наёфтааст: “Ҳамон 200 сомонӣ мефурӯшем. Дар ҳоле, ки маводу дастгоҳҳои зарурӣ қимат шуданд, мо пешниҳод кардем, ки нархҳо бозбинӣ шаванд”.
Аммо як масъули дигари “Шахтаи Фон Яғноб” дар мавриди эҳтимоли болобарии нархи ангишт гуфт, ахиран аз мақомоти ҳукумат мактуб гирифтаанд, ки нархҳо боло бурда намешаванд.
Далели савдогарон: Хароҷоти роҳ...
Ангиштканҳо болоравии нархи маҳсулоташонро дар арафаи сармо ба савдогарон рабт медиҳанд, аммо савдогарон далелҳои худро доранд: “Арзиши интиқоли як тонна ангишт ба Душанбе аз Фон-Яғноб, ҳудуди 140 километр, ҳадди ақал 120 сомониро ташкил медиҳад. Харҷи роҳ, сӯзишворӣ... Ангиште, ки 200 сомонӣ дар кон харида мешавад, дар Душанбе бояд ҳадди ақал 350 сомонӣ фурӯхта шавад. Аз ин арзонтар ғайриимкон аст”.
Оянда: Бе шахта зарар мебинем...
Маҳмадшо Сангов, ноиби сармуҳандиси “Шахтаи Фон Яғноб”, гуфт, усули феълӣ, ки истихроҷи ангишт тариқи кушод сурат мегирад, ояндаи наздик метавонад зараровар шавад. Ӯ афзуд, феълан бо пажуҳишгоҳи “Ростовгипрошахта” барои таҳияи лоиҳаи нақби ангиштканӣ дар Фон-Яғноб созиш кардаанд, ки арзиши амалисозии он 8,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳоҷиев дар тақвияти суханҳои Сангов изҳор дошт, ки истихроҷи ангишт тариқи нақб муфид аст: “Ангишт дар қисмати болоӣ зери таъсири боду ҳаво бархе хусусиятҳояшро гум мекунад. Сарфи назар аз ҳама гуна талошҳо бо хок каме олуда мешавад. Аммо вақте тариқи шахта истихроҷ мешавад, сифаташ ба маротиб хуб аст. Чӣ қадаре ки ангишт аз нуқтаҳои чуқуртар дастрас шавад, хосияти сӯзишаш баландтар мебошад, олуда ҳам намешавад”.
Маҳмадшо Сангов илова намуд, ки шахта дар ҷойҳое муфид аст, ки ҳадди ақал иқтидори тавлиди 250-300 ҳазор тонна ангишти солонаро дошта бошад, чун барои он дастгоҳу маводи қимат харҷ мешавад. Ба иттилои масъулини Фон Яғноб минтақае, ки “Ростовгипршахта” дар он нақтбро лоиҳакашӣ кардааст, миллионҳо тонна захираи ангишт дорад.
Нигаронии Азим Иброҳим, шарҳи Раҳим Санъат ва изҳороти Ҳоҷиев
Ниятҳо барои навоварӣ дар ҳолест, ки Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон ахиран зимни ҷаласаи корияш бо изҳори нигаронӣ гуфт, истихроҷ намудани ангишт ба тарзе, ки дар кишвар ҷой дорад, дар ниҳоят метавонад, оқибатҳои рафънопазир дошта бошад. Ӯ талаботи имсолаи саноату мардуми кишварро ба ангишт 1,8 миллион тонна гуфта, дар хитоб ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ таъкид намуд, ки корхонаҳои соҳа бояд истихроҷи ангиштро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва тарзи саноатии истихроҷ марҳила ба марҳила роҳандозӣ намоянд.
Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи ташвиши Азим Иброҳим ба “Озодагон” гуфт, мояи нигаронӣ тарзи стихиявии истихроҷи ангишт мебошад: “Истихроҷи саноатӣ гуфта, мо онро дар назар дорем, ки корхона бояд лоиҳаи тасдиқшудаи истихроҷу коркардро дошта бошад. Ҳар корхона бояд ҳадди ақал нақшаи 5-7-солаи худро дошта бошад. Дар баъзе конҳои хурд ҳанӯз истихроҷи ангишт ба тарзи стихиявӣ ҷой дорад. Яъне вақти қабаткушоӣ хокро ба ҷойҳои пешбинишуда намегузоранд. Ҷинсҳои куҳии озодро болои ангишт мемонанд ва ин амалашон қабаткушоиро мушкилу нархи истихроҷро гарон мекунад”.
Аммо Собир Ҳоҷиев бо нишон додани раванди истихроҷи ангишт дар “Шахтаи Фон-Яғноб” гуфт, истихроҷ тариқи саноатӣ роҳандозӣ шуда, ба ҳисоби миёна дар кон барои дарёфти 1 метри мукааби ангишт, 4 метри мукааб хок бартараф, яъне қабаткушоӣ мешавад: “Хокро ба ҷое, ки ангишташро гирифтаем, мегузорем. Дар охир болои хок боз қабати ҳосилхези хок мегузорем, то ба табиат ҳадалимкон зарари кам расад”.
Ҳоҷиев таъкид намуд, ки дар корхонаашон муҳандис-эколог дорад ва дар баробари ӯ масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ раванди истихроҷи ангиштро назорат мекунанд: "Тамоми чораҳоро меандешем, ки ба табиат зарар нарасад. Мо манбаи дигари сӯзишвориро, ки тавонад барои рушди саноат мусоидат кунад, надорем”.
Дар маҷмуъ масъулини “Шахтаи Фон-Яғноб” иттилоъ доданд, ки корхонаашон ҳудуди 260 коргар дорад, ки маоши миёнаашон дар нимсолаи аввали соли равон ба 2900 сомонӣ баробар буд.
Акси куҳе, ки аз домани он дуд мебарояд: