Дар МН бо иштироки райисони кумита ва комиссияҳои ин мақоми олии қонунгузор, ҳизбҳои сиёсие, ки дар парлумон намоянда доранд, вазорату идораҳои марбута ҷаласа оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ» дар 11 моҳи соли 2011 дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, нишастро райиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки тибқи маълумоти аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои буҷети ҷумҳуриявии Вазорат инчунин лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ бадастомада, дар 11 моҳи соли 2011 нақшаи буҷети ҷумҳуриявии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он 21 246 754 сомониро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ хароҷоти нақшаи пешбинишуда 21 246 754 сомонӣ ё 100%-и миқдори хароҷоти нақшавии аниқгардидаро ташкил медиҳад. Номбурда изҳор дошт, ки дар давоми 11 моҳи соли 2011 дар ҳамаи сохторҳои зертобеи соҳа маблағгузории чорабиниҳои пешбинишуда пурра таъмин гардидааст.
Ҳамзамон, дар ҷаласа вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов гуфт, вазорат ба масъалаи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ диққати ҷиддӣ дода, иҷрои қисми хароҷоти буҷет мунтазам дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат ва машваратҳои назди вазир баррасӣ карда мешаванд.