Ҳалокати се нафар дар садамаи нақлиётӣ
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Шаҳритус-Душанбе 3 нафар ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса 16 август тахминан соатҳо 07:30 ба вуқӯъ пайвастааст: “Автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Маҳмадзоир Раҳимови 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин садама мусофирони автомашина Зулайхо Ҳамроеваи 53-сола, сокини ноҳияи Дӯстӣ ва Иброҳим Бобомуродови 17-сола, сокини ноҳияи Қубодиён дар ҷойи ҳодиса ва мусофири дигар Қосим Усмоншоеви 40-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.