Доғистон омӯзгоронеро, ки барои кор Тоҷикистон меоянд, интихоб кардааст
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Доғистон аз миёни 70 омӯзгори довталаб беҳтаринҳоро барои кор дар макотиби миёнаи Тоҷикистон интихоб кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин вазорат хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 16 август Шоҳабос Шахов, вазири маориф бо омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон мераванд, дидор кардааст. Торнамои расмии Вазорати маорифи Доғистон навишта, ки омӯзгорони интихобшуда аз беҳтаринҳо буда, “барои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи тадрис ба забони русӣ ба кишвари дӯсту бародар рафта аз фанҳои “забони русӣ”, “информатика”, “математика”, “химия” ва “биология” дарс мегӯянд”.
Манбаъ мефзояд, вазир ба омӯзгорон барои қабули даъвати кор ба Тоҷикистон изҳори сипос карда гуфтааст, “на ҳар кас метавонад ҷойи истиқомат ва тарзи зиндагияшро тағйир бидиҳад”. Ӯ таъкид намуда, ки баробари бозгашт ба Доғистон ҳар яки онҳо метавонанд ба ҷойҳои кории қаблии хеш барқарор шаванд.
Қаблан торнамои РИА Дербент иттилоъ дода буд, ки барои кор дар муассисаҳои миёнаи таълимии Тоҷикистон муаллимони забони русӣ, риёзӣ, информатика, физика, биология, кимиё бо таҷрибаи на камтар аз 5 сол даъват мешаванд: “Ҷониби Тоҷикистон муваззаф мегардад, ин омӯзгоронро бо манзил ва музди меҳнат (баробар бо маоши миёнаи муаллимони маҳаллӣ, тақрибан 14 ҳазор рубл) таъмин намуда, инчунин маблағи барои парвоз ба ин кишвар масрафшударо пардозад”.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати маорифи Русия дар навбати худ бо ин омӯзгорон қарордоди ҳамкорӣ имзо мекунад. Дар ин шартнома ба муаллимон пардохти 60 ҳазор рубл музди меҳнат, суғуртаи тиббӣ ва пардохти маблағи интиқоли боғоҷи онҳо кафолат дода мешавад. Муҳлати шартномаи омӯзгорони рус як сол бо имкони тамдиди он нишон дода шудааст. Гуфта мешавад, омӯзгорони рус дар литсейҳои президентии Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт. Моҳи сентябри соли 2013 Константин Косачёв, масъули “Россотрудничество” ба расонаҳо гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳукумати Русия хоҳиш кардааст, то Тоҷикистонро бо муаллимҳои забони русӣ таъмин кунад.