Гумрук: Мусодираи беш аз 4 ҳазор китоби динӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи 41540 литр бензин ва “Тойота Камри”...
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз мусодираи 4 ҳазору 35 китоби динӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои торнамои расмии ин ниҳод, мусодираи ин миқдор китобҳои динӣ аз аввали соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар пойтахт сурат гирифта, нисбати ин ҳолат санад тартиб дода, ба додгоҳ ирсол кардаанд.
Манбаъ дар мавриди мусодираи китобҳои динӣ шарҳи бештар надода, танҳо илова намудааст, ки дар баробари мусодираи китобҳо, садҳо ҳазор кило маҳсулоти ниёзи мардумро, ки ба таври қочоқ оварда шудаанд, дарёфт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, аз аввали соли 2017 аз тарафи кормандони Раёсати мазкур 278 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст: “Аз ҷумла: 4 ҳолати қочоқи молҳои ниёзи мардум бо вазни умумии 211 ҳазору 194 килограмм, 1 ҳолати қочоқи сӯзишвории бензин бо вазни 41 ҳазору 540 литр, 1 ҳолати қочоқи 417 маводи тарфгарӣ, 1 ҳолати ошкор намудани 906 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш, 1 ҳолати шомил шудан ба гурӯҳи терористии ДИИШ, 1 ҳолати қочоқи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Кемри”, 3 ҳолати қочоқи сиккаҳои дорои қиммати таърихию фарҳангидошта, 2 ҳолати қочоқи асъори хориҷӣ ба маблағи 15 ҳазор доллари ИМА ва 2 миллиону 500 ҳазор рубли русӣ, 1 ҳолати машруботи спиртӣ арақи тамғаи “Шоҳона” мебошанд”.
Хадамот мегӯяд, аз 263 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ 23 ҳолати он барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардида, 16 ҳолат баррасӣ шуда, маблағи умумии 237 ҳазору 322 сомонӣ ҷарима ва 92 ҳазору 260 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудааст: “7 ҳолати дигар дар истеҳсолоти суди мавриди баррасӣ қарор доранд”.