Роҳбари тозатаъйини UNICEF дар Тоҷикистон эътимодномаи худро ба вазири умури хориҷӣ таслим кард
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Лучиано Калестинӣ, роҳбари тозатаъйини намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон рушди дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ, мулоқоти Аслов бо Лучиано 15 август сурат гирифта, зимни суҳбат ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNICEF, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар кишварро мавриди муҳокима қарор додаанд. Ба иттилои манбаъ, Аслов ва Лучиано ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Манбаъ мегӯяд, зимни мулоқот роҳбари нави намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон супорид.