Тибқи иттилои расида, Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон бо Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқоти ҳуқуқии маъмурияти президенти Беларус Ёддошти ҳусни тафоҳум ва бо Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти президенти Беларус Созишмномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.Гуфта мешавад, санадҳои мазкурро дар Минск аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов, сарвари Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон ва аз ҷониби Беларус В. Ипатов ва О. Кравтсов, роҳбарони идораҳои зирабти Беларус дар ҳузури сафири Тоҷикистон дар он кишвар Қозидавлат Қоимдодов ба имзо расониданд.
Ёддошти ҳусни тафоҳум мубодилаи фаъолияти қонунгузорӣ, гузаронидани машваратҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои муҳими рушди қонунгузорӣ, анҷом додани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва нашри мақолаҳои илмиро дар бар мегирад.Дар асоси Созишномаи ҳамкории ба тасвиб расида, ҷонибҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мақсаднок дар соҳаи иттилоотонӣ, фаъолияти тадқиқотӣ, ворид сохтани технологияҳои комуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон гузаронидани конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳоро амалӣ мегардонанд.