Ҷамшеди Ҳалим сарусадо дар бораи боздошташро шарҳ дод
Ҷамшеди Ҳалим, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик сарусадо дар мавриди боздошташро бепоя хонд.
Ӯ имрӯз, 15-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, овозаҳо дар бораи боздошташро шунид, аммо онҳо ҳеч асосе надоранд: “Чанд нафар ҳам занг заданд. Ин гапҳои кӯдакӣ, дурӯғанд, аҳамият надиҳед. Ман ба касе кор надорам. Чунин овозаҳо зиёданд. Ҳар рӯз маро кушта, зинда мекунанд”.
Ҳаҷвнигори маъруф илова намуд, ки феълан ба сабти барномаи нав машғул мебошад.
Ин дар ҳолест, ки миёни мардум овозаҳое паҳн шудаанд, ки гӯиё Ҷамшеди Ҳалим, ки бештар бо ҳунарнамоиҳояш дар барномаи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” маъруф аст, барои роҳ додан ба таҳқир дар яке аз ҳунарнамоиҳояш боздошт шудааст.