Ҷасади Ҳасани 20-соларо баъди се рӯз пайдо карданд
Ҷасади як ҷавони 20-солаи ноҳияи Ҳисор, ки 11 август дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо гардидааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ҷасади Ҳасан Хоҷаев 14 август аз ҳудуди ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ёфт шуд. Ба иттилои манбаъ, Хоҷаев ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли равон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳои кишвар 63 нафар ба ҳалокат расидааст. Аз ин теъдод 25 нафар зери 17-сола ва 38 тани дигар аз 17-сола боло будаанд.