Сино, муҳоҷири ихтироъкор аз Деҳрушон дар ИМА (ВИДЕО)
Сино Гулчинов, муҳандиси 28-сола аз деҳаи Деҳрушони ноҳияи Рушон, ки феълан дар ИМА ба ихтирои дастгоҳи нерӯдиҳандаи худравҳои барқӣ машғул аст, қаҳрамони нави барномае дар бораи сокинони ғайриодии Ню-йорк шудааст.
Муаллифони барнома бо нашри видео дар саҳифаи Фейсбук, зери унвони “Nowhere Men” изҳор доштаанд, ки Сино аз ҷумлаи муҳоҷироне мебошад, ки барои ояндаи беҳтари башарият фаъолият дорад: “Мо Синоро ҳангоми сафар дар Бадахшон вохӯрдем, ки озод бо англисӣ суҳбат мекард. Маълум шуд, ки ӯ солҳо дар Амрико таҳсил кардааст ва феълан барои таътил ба хона омадааст”.
Гулчинов бо дарёфти бурсия дар Донишгоҳи Сан Хосеи ИМА таҳсил карда, айни ҳол ба ихтирои дастгоҳи нерӯдиҳандаи бидуни ноқил барои худравҳои барқӣ машғул мебошад. Видео дар бораи Синоро даҳҳо ҳазор нафар тамошо карда, то ҳол ҳудуди 500 нафар дар саҳифаашон бознашр кардаанд. Муаллифон ва корбарони интернет аз Гулчинов, “Илон Маски оянда” ном бурда, таъкид намудаанд, ки шояд, идеяи навбатии такондиҳандаи ҷаҳон аз сокини дурдасттарин минтақаҳои дунё садо диҳад. Илон Маск муҳандис-соҳибкор, ки бо ихтирооташ миллиардер шудааст. ВИДЕО дар бораи СИНО