Мақоми нави Ҷамшеди Намозалӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Шарифзода Ҷамшеди Намозалиро директори муассисаи давлатии “Қароргоҳи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб” таъин кардааст.
Қарори ҳукумат дар ин бора 7-уми августи соли равон имзо шудааст.
Қароргоҳи нави Президент дар ҷамоати Чорбоғ, дар масоҳати 25 гектар дар канори шаҳри Кӯлоб бунёд гардидааст.