“Маҳаллаи беҳтарин”-и Душанбе 20 ҳазор сомонӣ мегирад
Дар шаҳри Душанбе озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” баргузор мешавад. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт қарор имзо кардааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ин озмун ба ҷашни 26-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, барои ғолибон дар маҷмӯъ 30 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Рустами Эмомалӣ дастур додааст, комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябр ҷамъбаст намояд. Ба иттилои манбаъ, сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муаззаф шудааст, маблағи мукофотҳои пулиро барои “Маҳаллаи беҳтарин” - 20 ҳазор сомонӣ ва “Кӯчаи беҳтарин” - 10 ҳазор сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд: “Муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе барои дар рӯзҳои ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли озмун, навиштаҷоти “Маҳаллаи беҳтарин” ё “Кӯчаи беҳтарин” тадбирҳои зарурӣ андешанд”.