Сокинони деҳае дар Норин ҳамаи машруботро харидорӣ ва нобуд карданд
Сокинони деҳаи Эмгекчили ноҳияи Норини Қирғизистон ҳамаи машруботи фурӯшии деҳаро нобуд карданд. Ҷавонони фаъол ин ташаббусро рӯи даст гирифта, мехоҳанд бо ин роҳ фурӯши машруботро манъ кунанд, хабар медиҳад раиси созмони маҳалии ҷавонон Жанибек Сопиев.
Ба гуфтаи вай, сокинони деҳа барои харидани тамоми машрубот 400 ҳазор сом (наздики 5800 доллари ИМА) ҷамъ оварданд. Дар ҳаҷми 100 ҳазор соми дигар машруботро худи соҳибони мағозаҳо пешкаш карданд. 11-12 август ин маҳсулотро ба канори деҳа бурда, нобуд карданд.
Сокинон мегӯянд, нӯшокиҳои спиртӣ сабаби чандин бадбахтиҳо шудааст. Пештар аз ин қозиёти вилоятӣ хабар дода буд, ки дар панҷ деҳаи ноҳияи Норин фурӯши нушокиҳои спиртӣ комилан қатъ шудааст.
Ҳодисаи ба ҳамин монанд чанбе қабл дар деҳаи Жапалаки вилояти Ӯш рух дод. Сокинони маҳаллӣ ҳамаи маҳсулоти спиртиро харидорӣ карда бо булдозер нобуд карданд.
Ҳафтаи гузашта имомони вилояти Ботканд мағозаҳоро давр зада, даъват карданд, ки фурӯши нушокиҳои спиртӣ қатъ шавад. Баъди он муфтии Қирғизистон Максат ажи Токтомушев гуфт, ки идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон "аз онҳое, ки иҷборан фурӯши машруботро манъ мекунанд" ҷонибдорӣ намекунад.