ВКД: Сокини Турсунзода ҳамсарашро буғӣ кардааст
Як сокини 49-солаи шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт шудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин мард дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст: “Номбурда, рӯзи 9-уми августи соли 2017, тахминан соати 16:00 дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”.
Манбаъ меафзояд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.