Нақзи қонуни танзим: Мансабдор 25-у мулло 35 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз парлумон хостааст, ҷавобгарӣ барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурзӯр карда шавад.
Тибқи тағйироте, ки ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст: “Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад”.
Бар асоси манбаъ барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо низ ҷавобгарӣ шиддат ёфтааст: “Барои ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад”.
Президант барои баррасии ин лоиҳа 23-юми август ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват намуд.