Натиҷаи фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанги вилояти МКБ дар соли 2011 натиҷагирӣ шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи райиси ин вилоят иттилоъ доданд, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовара муовини райиси вилоят Қиматгул Алибердиева ширкат дошт. Зимнан, мудири шӯъбаи фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшанбиев дар мавриди фаъолияти яксолаи шӯъба ва сохторҳои фарҳанги вилоят гузориш дода гуфт, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати фарҳанг соли равон заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ тақвият ёфт.
Тазаккур дода шуд, ки дар муассисаҳои фарҳангӣ ба хотири ҷашнҳои миллию таърихӣ чорабиниҳои зиёде пиёда шуданд. Аз ҷумла, рӯзҳои фарҳанги вилоят дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни истиқлол дар сатҳи баланд гузаштанд ва намояндагони вилоят дар баргузории озмуни «Чакомаи гесӯ» саҳми арзанда доштанд.