Латукӯб ва боздошти ғайриқонунӣ дар қурутобхона
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард - сокини 25-солаи кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе ва истиқоматкунандаи 30-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар боздошти ғайриқонунии шаҳрванд айбдор мешаванд.
Тибқи иттилои ВКД, боздоштшудаҳо 7-уми июли соли 2017 аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшанро маҷбуран ба шаҳри Душанбе овардаанд: “Дар яке аз утоқҳои қурутобхонае, ки ба сокини 25-солаи Душанбе тааллуқ дорад, ҷабрдидаро лату кӯб намуда, ӯро дар ҳуҷраи анборхонаи нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, ки дар қафои қурутобхонаи мазкур ҷойгир мебошад, аз санаи 14-ум то 21-уми июли соли 2017 ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд”.
ВКД далели гаравгонгириро шарҳ надода, изҳор доштааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.