Талаби пули беш аз пеш дар донишгоҳҳо ва шарҳи масъулин
Мақомоти зиддиинҳисорӣ ва масъулини донишгоҳҳои кишвар шикояти волидони довталабонро дар мавриди он ки замони ҳуҷҷатсупорӣ нархи таҳсил поинтар буду феълан боло рафтааст, шарҳ доданд.
Падари яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ ба “Озодагон” шикоят кард, ки масъулини донишгоҳ вақти ҳуҷҷатсупорӣ ба ӯ дигар нарх нишон доданду феълан онро боло бурдаанд: “Писари ман дар факултаи “Туризм”-и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро супорид. Дар рӯзи ҳуҷҷатсупорӣ нархи шартномааш 5100 сомонӣ буд, дирӯз вақти маблағсупорӣ ба писарам гуфтаанд, бояд 5450 сомонӣ супорад”.
Ба гуфтаи волидони довталабон болоравии нархнома дар бисёри факултаҳо ҷой дорад ва он боиси саргардонии шаҳрвандон шудааст: “Нафароне буданд, ки 200 сомониашон намерасид, онҳоро қабул накарданд. Дубора барои маблағ мерафтанд. Ман ба писарам 5100 сомонӣ дода будам ва аламовараш ин буд, ки ӯ дубора барои маблағ ба хона омад. Ин як саргардонӣ мебошад”.
Масъулини Комиссияи қабули Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфтанд, нархномаҳое, ки довталабон дар варақаҳои Маркази миллии тестӣ дастрас кардаанд, нархномаҳои соли қаблӣ мебошанд: “Маблағҳое, ки айни ҳол довталабон супорида истодаанд, аз рӯи нархҳои нав буда, ҳамааш барои соли 2017-2018 тасдиқ шудааст. Нархномаи нав каме дер тасдиқ шуда, дар ҳоли ҳозир онро ба ҳар як довталаб нишон дода истодаанд”.
Бахтиёр Ғафуров, котиби масъули Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, сабаби тағйир ёфтани нархномаҳоро болоравии таваррум арзёбӣ кард: ”Соли 2016 таваррум 6% боло рафт ва вобаста ба ин, бо тасдиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати рушди иқтисод 6% нархҳо дар ҳамаи ихтисосҳо баланд бардошта шуд”.
Сайдалӣ Зарифзода, сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, нархномаҳо ба таври чашмрас тағйир наёфта, аксари донишгоҳу донишкадаҳо дар сатҳи амалкунанда боқӣ мондаанд: “Дар масъалаи нархномаи Донишгоҳи славянӣ бошад дар солҳои 2015 ба 2016 шояд 3-4 фисад тағйир ёфта бошад”.
Масъулони Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон мегӯянд, дар тақсимоти асосӣ, ки анҷом ёфт, ҳамагӣ 48 ҳазору 734 довталаб комёб гардида, сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ба гуфтаи Марказ 16 ҳазору 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд, ки аз он 3813 адад дар бахши буҷавӣ ва боқимонда шартномавӣ мебошанд. Тақсимоти такрорӣ 19-22-юми август дар назар аст.