Қарори ҳукумат барои ташкили Филармонияи нави давлатӣ
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар кишвар филармонияи дигари давлатӣ ташкил карда шавад.
Тибқи қарори ҳукумат, ки охири моҳи июл аз сӯи раисиҷумҳур имзо гардид, Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон дар заминаи амвол ва воҳидҳои кории «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» ташкил хоҳад шуд.
Вазорати фарҳанг вазифадор шудааст, масоили ҳуқуқӣ-ташкилии филармонияи давлатиро ҳал намояд. Вазорати молия супориш гирифтааст, ки маблағгузории филармонияи кӯдакони Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳое, ки барои муассисаҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд, роҳандозӣ намояд.