Тавре ба «Озодагон» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Дадабоева У-и 44 сола дастгир гардид, ки аснои кофтуков аз амборхонаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи И. Сомонӣ 284.309 дона хлопушка бозёфт шуд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки ба ҳамин ҳодиса монанд дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт зимни амалиёт ноболиғ - Сунатулло Сафарови 14 сола, сокини кӯчаи Деҳлавӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи умумии №65 дастгир карда шудааст. Мақомоти интизомӣ аз номбурда 549 дона маводи тарфагарӣ мусодира кардаанд. Инчунин дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Меҳровар Гулназарови 20 сола, сокини кӯчаи Маяковский, тоҷири бозори «Деҳқон» дастгир карда шудааст, ки ҳангоми кофтуков аз ў 1140 дона хлопушка дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар қисмати шимоли Тоҷикистон низ чанд нафар даст ба фурӯши маводи пиротехникии тарканда доштанд, ки аз сӯи кормандони милиса маводҳои онҳо мусодира гардидааст.