Дастури Президент барои имзои санади ҳамкорӣ бо Эрон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон санад барои густариши ҳамкории гумрукӣ бо Эронро ба тасвиб расонд.
Тибқи қарори ҳукумат, ки аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон 28-уми июл имзо гардидааст, Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки «Ёддошти тафоҳум барои амалӣ намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оиди иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ” бо Эронро ба имзо расонад.
Раисиҷумҳур Вазорати умури хориҷиро вазифадор кардааст, ки вақт ва макони имзои ин ҳуҷҷатро бо ҷониби Эрон мувофиқа кунад.