Тавре Сиддиқ Муборак, сухангӯи ВМ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин нишаст ҳамчунин аз ҷониби Малайзия муовини президенти ин донишгоҳ хонум Дания, ёвари президент Майкл Пенсин, сардори шўъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ Навид Фаттоҳӣ, намояндагони Ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия «TM – international.llc» ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои тарафайн мубодилаи афкор намуда, зикр намуданд, ки дар оянда равобитро дар самтҳои таҳсилот дар зинаҳои гуногун тақвият мебахшанд.