Дуруст бинависем: ТАВОНОБАХШ - ТАВОНБАХШ
Шумори иштибоҳоте, ки ба забони мо дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳи ба "ҳиссаи нутқ" (яъне ба кадом ҳиссаи нутқ: исм, сифат, феъл ва...) нисбат доштани калимаҳо ба вуҷуд меояд рӯ ба афзоиш дорад ва ин хатар ба беху буни забонамон таҳдид мекунад. Дишаб аз пахши огаҳиҳо (таблиғҳо)-и бозаргонӣ (реклама) батакрор калимаи "тавонобахш"-ро мешунидам: "Ин гиёҳҳои дармонии тавонобахшро пайваста истеъмол намоед". Комилан равшан аст, ки манзури гӯянда дар ин ҷумла на "тавонобахш", балки "тавонбахш", "қувватдиҳанда", "муқаввӣ" мебошад. "Тавоно" сифат аст:
Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Мо дар ин маврид агар исрор дошта бошем, ки "тавоно" бигӯем, пас лозим меояд, ки ин сифатро ба исм баргардонем ва "тавоноибахш" бигӯем, ки чун "тавонбахш" ҳамин маъноро ба хубӣ мерасонад, ниёзе ба ин афзудан нест. "Тавон" - исм аст ва калимаи ноби тоҷикӣ ба маънои "қувват", "қудрат"... ва тавонбахш таркибе аз исму (тавон) феъл (бахш), ки сифати таркибии комилу дурусте месозад. Ин калимаро ба ҷои "муқаввӣ" роиҷ кардаанд, ки аз баргузидаҳои бисёр сара аст ва поси онро бояд дошт. Бо ин калима ба ҷуз "тавоно" боз таркибҳои пуртавон, тавонманд, тавонмандӣ, нотавон, тавонафзо, тавонфарсо, тавонгар (ба маънои доро) ва... вуҷуд дорад ва имкони сохтани калимаҳои зиёди дигар ба ҳамин дастур ҳаст. Тавон ба сурати мухтасар масдари "тавонистан"-ро ҳам медиҳад. Чанд мисоли шеърӣ:
Ки Яздон зи ночиз чиз офарид,
Бад-он то тавоноӣ орад падид.
Фирдавсӣ
Магар з-ин ду танро, ки резанд хун,
Якеро тавон оваридан бурун.
Фирдавсӣ
Тавонгар кунем он ки дарвеш буд,
Ниёзаш ба ранҷи тани хеш буд.
Фирдавсӣ
Бад-ӯ гуфт, эй тавонбахши тани ман,
Чароғафрӯзи ҷони рушани ман.
Ҷомӣ
Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”, Фейсбук)