ВИДЕО: Филми ВКД дар бораи қатли Кенҷаев, Латифӣ... ва ҲНИТ-у Эрон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 8-уми август иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд.
Тибқи гузориши ВКД, ки шоми 8-уми август тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахш гардид, Кенҷаев моҳи марти соли 1999 дар Душанбе бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудааст.
Тибқи гузориши ВКД се шарики Ҳоҷӣ Ҳалим-Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов аз ӯ барои қатли афроди шинохта ва рӯшанфикрони тоҷик - Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Русия дастур гирифтаанд.
Манбаъ афзуд, ба гуруҳи сенафарӣ афроди зерин шомил будаанд, ки ҳар кадомашон барои қатли Кенҷаев аз Ҳоҷӣ Ҳалим 2 ҳазор долларӣ гирифтаанд:
Роҳбари гурӯҳ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, бо тахаллуси "Рустами Норакӣ”, санаи таваллудаш 13 июли соли 1967, зодаи деҳаи Пехо ва сокини деҳаи Қибилии Норак. Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси "Алӣ”, санаи таваллудаш 2 сентябри соли 1970. Зодаи деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод ва сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Қудратов Саймӯҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои "Авлиё” ва "Эшон”, санаи таваллудаш 9 августи соли 1964, зодаи деҳаи Данғараи болои ноҳияи Данғара. Бо ҳукми Додгоҳии олии Тоҷикистон бо ҷурми куштор, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва тахрибкорӣ (диверсия) ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.
Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ, раҳбари сотсиалистҳо 18 сол сол пеш, 30 марти соли 1999, ҳангоме ки раёсати Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари парлумони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, дар як хона дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе кушта шуда буд. Тибқи иттилои қаблан нашршуда дар террори Кенҷаев инчунин ду муҳофиз ва ронандаи ӯ низ ба қатл расонда шуданд.