ВКД: Сокини Санҷит сокини Фурудгоҳро бо дос задааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи рустои Санҷити ноҳияи Нуробод хабар додааст. Ӯ дар захмӣ кардани як сокини дигари ноҳия муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда наздикиҳои асри рӯзи 31 июл дар мавзеи “Заркӯҳ”, воқеъ дар қисми болои деҳаи Сари-пул сокини 26-солаи деҳаи Фурудгоҳи ноҳияи Нурободро маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи ҷабрдида ин кор дар пайи “хусумати пешакӣ” сурат гирифта, муттаҳам бо доси алафдаравӣ ба пушти сар ва дигар узвҳои бадани бошандаи деҳаи Фурудгоҳ задааст. “Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса, тафтишот идома дорад”,-хабар медиҳад ВКД.