Изҳороти мақомот ва Шӯрои уламо алайҳи “бой без правил”
Мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои кишвар “бой без правил”, ё худ муҳорибаҳои омехтаро қобили дастгирӣ намедонанд.
Шӯрои уламо дар мавриди “бой без правил” дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, “ҳар навъи варзише, ки дар он фармудаҳои шариат риоя мешавад, ҷоиз аст.Аммо он навъ варзишҳое, ки ба саломатӣ ва рӯҳу равони инсон зарар дорад, шариат онро ҳаром қарор додааст. Мусулмон бояд ба варзише машғул шавад, ки ба ҷисму ҷон ва рӯҳу равонаш манфиат дошта бошад”.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон низ гуфт, давлат муҳорибаҳои омехтаро дастгирӣ намекунад. Абдуллозода ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дастгирии давлатӣ, асосан ба намуди варзишҳое равона шудааст, ки барои рушди зеҳнию ҷисмонии шаҳрвандон заруранд ва зараре надоранд: “Давлати Тоҷикистон бештар ба намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш таваҷҷуҳ дорад”.