Маҳкумшудаи собиқ аз ҷайби сокини Хистеварз 2000 сомониро рабудааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 35-солаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, боздошти ин мард дар асоси шикояти як сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар сурат гирифтааст. Ин ҷавон дар аризаи худ навиштааст, 6 август тахминан соати 06:30 дар ҳудуди бозори “Вохӯрӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз кисаи шимаш пинҳонӣ 2000 сомониро рабудаанд: “Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 35-солаи сокини вилояти Хатлон, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.