Маркази тестӣ: 16 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд
Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон эълон кард, ки 16 ҳазору 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд, ки аз он 3813 адад дар бахши буҷавӣ мебошанд.
Тибқи иттилои раёсати Марказ тақсимоти такрории довталабон аз 19 то 22 август сурат хоҳад гирифт.
Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли равон дар умум 96 ҳазору 541 довталаб ба қайд гирифта шуданд, вале ба имтиҳонҳо 90 ҳазору 829 нафар ҳозир гардиданд: “Аз ин шумора ба озмуни тақсимот бо гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи фанҳои дахлдор ҳамагӣ 69 ҳазору 200 нафар ё 76%-и довталабони ҳозиршуда роҳ ёфтанд. Дар тақсимоти асосӣ, ки анҷом ёфт, ҳамагӣ 48 ҳазору 734 довталаб комёб гардида, сазовори номи донишҷӯ шуданд”.
Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишаст зикр кард, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории довталабон дар 10 шаҳру навоҳӣ нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ташкил карда мешавад: “Барои довталабон маҳдудият набуда, довталаб дар озмуни тақсимот дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки ба макони зисташон наздик аст, метавонанд иштирок кунад”.
Дар мавриди он, ки дар кадом муассисаҳои таълимӣ нақшаи қабул иҷро гардид, Икромӣ гуфт, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо тақсимоти 1296 ҷой (100%), Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон-100%, Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода-100% нақшаро иҷро кардаанд: “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи Бобоҷон Ғафуров 99,48% нақшаро иҷро кардааст ва ҳоло 16 ҷои холӣ дорад. Дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав 99,42%, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-99,32%, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо номи Садриддин Айнӣ-99,87% нақша иҷро шудааст”.
Ба гуфтаи Икромӣ шурӯъ аз 18-уми август ҷойҳои холӣ дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад ва довталабон имкон доранд, ки аз ин ҷойҳои холӣ дидан кунанд.
Мирзошариф Шодиев, масъули Маркази миллии тестӣ илова намуд, ки соли равон нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 42 ҳазору 899 нафар ва барои таҳсилоти миёнаи касбӣ 22 ҳазору 46, нафар аз сӯи ҳукумат тасдиқ шудааст: “Аз ин миқдор ҷойҳои пешниҳодшудаи ройгон 19 ҳазору 788 адад ва пулакӣ 45 ҳазору 151 ададро ташкил медиҳад”.
Рустам Назаров, сардори Шӯъбаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ин робита таъкид кард ҷойҳои холие, ки дар натиҷаи озмуни асосӣ холӣ мондаанд, 16 ҳазору 410 адад мебошанд: “Аз ин 3 813 ҷой ройгон ва 12 597 ададаш пулакӣ мебошанд. Агар нафароне, ки аз тақсимоти асосӣ гузаштаанду то 15 август дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз қайд нагузаранд, дар ин сурат ҷойҳои онҳо низ ҳамчун ҷойҳои холӣ ҳисоб карда мешавад”.