Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Узбакистон
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал яккачини Узбакистон, дорандаи медали нуқраи мусобиқоти Осиёро мағлуб кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, ин бозии дӯстона рӯзи гузашта (6 август) дар маҷмааи варзишии “Шоҳин”-и Гулистони Узбакистон баргузор шуда ва бо ҳисоби 5:3 хотима ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, голҳои тими Тоҷикистонро Шавкат Ҳалимов, Некрӯз Алиаҳмадов, Темур Исмоилов ва Файзалӣ Сардоров (2) ба ҳадаф расониданд.
Гуфтанист, 5 август дар як бозии дигари дӯстона тими яккачини Тоҷикистон бо ҳисоби 4:5 аз Узбакистон шикаст хӯрд.
ФФТ мегӯяд, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои футзали ду кишвар яке аз марҳалаҳои омодагӣ ба мусобиқоти Осиё-2018 аст. Мусобиқоти Осиё-2018 дар Табрези Эрон доир мешавад. Яккачини Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо Эрон ва Афғонистон рақобат хоҳад кард.