Ғоратгарӣ дар боғи Хоруғ
Мақомоти милиса аз ғоратгарӣ дар боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба мақомоти милиса марди 25-сола, сокини ноҳияи Рушон муроҷиат карда, арз доштааст, ки 3-юми августи соли 2017, тахминан соати 19:00-дақиқа, шахсони номаълум дар дохили боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хоруғ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1 ҳазору 500 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд: “Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ марди 35-солаи сокини шаҳри Хоруғ дастгир карда шуд”.
ВКД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.