Шарҳи ВКД дар бораи садамаи маргбор дар Ванҷ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбори нақлётии 6 август дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки боиси марги 4 нафар гардид, шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, замоне ки сабукрави “ВАЗ-2106” аз самти деҳаи Будун ба самти деҳаи Андарбак-Жамаг , дар мавзеи Приони ноҳияи Ванҷ ҳаракат мекард, аз баландии 100 метр санг фаромада, ба автомашинаи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса автомашина ба дарёи Язгулом чаппа шудааст: “Аз дохили дарё ҷасади ронанда Маҳбубшоҳ Амоншоеви 48-солаи пайдо шуда, ҷасади се мусофири он -- Назруллоҳ Ноибов, Имоммаҳмад Имомов (ҳар ду 48-сола) ва Толиббек Ғиёсов (24-сола), сокинони ноҳияи Ванҷ ҳанӯъ ёфт нашудааст”.
Ба иттилои ВКД, барои дарёфти ҷасади мусофирони автомашина чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.