Фатвои Шӯрои уламо дар бораи “шумахер”-ҳои тоҷик: Ҷавоб мегӯянд...
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳукми шариати Исломро дар мавриди ронандагоне, ки ҷони худу дигаронро дар хатар мегузоранд, ё ба ҳалокат мерасанд, эълон доштааст.
Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо аз нигоҳи шариати Ислом ронандагоне, ки қоидаҳои нишондодашудаи роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд мошин ронда, ба ҳалокат мерасанд, гунаҳкор ба шумор мераванд: “Барои дар хатар гузоштани ҳаёти худ ҷавоб мегӯянд, чунки ҳаёт атои Худованд аст ва онро дар вартаи ҳалокат андохтан аз нигоҳи шариат ҳаром мебошад”.
Манбаъ афзудааст, ки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маафканед”. (“Бақара”, 195)
Шӯрои уламо таъкид намудааст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳ дар тамоми олам пазируфта шуда ва аз назари шариати Ислом риояи онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.