Омбудсмени кӯдак гуфт, аз марг дар “маршировка” огоҳ нест (ВИДЕО)
Раҷабмоҳ Ҳабибуллоҳзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, дар мавриди ҷалби иҷбории ноболиғон ба “маршировка”-ҳо шикояте дарёфт накардааст.
Ҳабибуллоҳзода имрӯз, 3-юми август зимни шарҳи хабарҳо, ки гӯиё Сабрина, як хонандаи синфи 9, дар пайи “маршировка” дар шаҳри Ваҳдат ҷон додааст, гуфт дар ин бора иттилое надорад: “Маълумот дар мавриди ҳалокати як хонандаи мактаб дар натиҷаи маршировка дар шаҳри Ваҳдат барои ҷашни Ваҳдати миллиро мо надорем”.
Дар мавриди ҷалби ноболиғон ба “маршировка”-ҳо омбудсмени кӯдак гуфт, ҳар шахс бояд ҳисси миллӣ дошта бошад ва кӯдакону калонсолон бояд дар ҷашнҳои сатҳи миллӣ иштирок кунанд: “Ин ҷо ягон поймолкунии ҳуқуқи кӯдакон дида намешавад”.
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иштирок дар маршировкаро ихтиёрӣ ва барои ҷавонону ҷомеа манфиатовар хонд: “Мо қадамҳои аввалро гузошта истодаем дар ин самт”.
Дар баробари ин Ализода таъкид намуд, муассисаҳое, ки ҷавононро ба маршировка сафарбар мекунанд, бояд донанд, ки “кадом кӯдак имконият надораду бемор аст, ё ягон узри дигар дорад ва бояд ҷалб карда нашавад. Бояд ғамхорӣ карда, кӯдаконро бо обу дигар лавозимот таъмин кунанд”.
Изҳороти омбудсменҳо дар ҳолест, ки моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳалокати Сабрина, як хонандаи синфи 9 дар ҷамоати Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат хабар дода шуд, ки гӯиё ҳангоми "маршировка” аз зарби офтоб беқувват шуда буд. Баъдан аз қавли табибон иттилоъ нашр гардид, ки гӯиё Сабрина бемории ҷоғар доштааст.