Раҳимзода: Набераамро Ашкиноз ном мондам, ки дар феҳрист нест
Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Феҳрасти номҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, волидон метавонанд берун аз он низ фарзандонашонро номгузорӣ кунанд.
Раҳимзода 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, шахсан набераашро Ашкиноз ном ниҳод, ки дар Феҳрасти номҳои миллӣ нест: “Номро қабул карданд, шаҳодатнома гирифтам. Дар сурати зарурӣ комиссия номи пешниҳодкардаи волидонро баррасӣ мекунад, агар номи зебо бошад, қабул мекунад. Ин ба манфиати мо ҳаст. Ҳатто дар Русия нисбат ба тарзи дурусти номгузорӣ як таваҷҷуҳи хоса пайдо шуд. Кӯшиши аввал бекамбудӣ нест, бо мурури вақт такмил дода мешавад”.
Мудири Маркази миллии қонунгузорӣ афзуд, ки дар мақомоти САҲШ на ҳама ҳуқуқдонҳо кор мекунанд: “Нав қарор қабул шуд, ки ба ин мақомот танҳо ҳуқуқшиносон қабул гарданд. Бинобар ин камбудии як касро бори ҳама кардан дуруст нест. Шаҳрвандон агар номи зебое пешниҳод кунанду дар феҳраст набошад, метавонанд ба комиссия муроҷиат намоянд, он қабул хоҳад шуд”.
Ахиран Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандон пешниҳод мешавад. Ба иттилои ӯ, дар Кумитаи тобеаш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки “ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо, хулосаи худро пешниҳод мекунанд. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шудааст”.
Ба иттилои масъулини Кумита, ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд: “Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд”.
Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, Шарофзода ба мунаққидон маслиҳат дод, ки ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунанд, ки дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.