Омбудсмени тоҷик “занкалонӣ”-ро тасдиқ кард: Мардон худкушӣ карданд...
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷой доштани зӯроварии занон нисбати мардонро дар кишвар тасдиқ кард.
Ализода имрӯз, 3-юми август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, зӯроварӣ на танҳо нисбати занону кӯдакон, балки нисбати мардон низ ҷой дорад: “Ҳолатҳое ҷой доранд, ки мардон даст ба худкушӣ заданд. Зуроварии ҳам ҷисмонӣ ва ҳам руҳӣ нисбати мардон ҷой дорад. Бештар албатта азоби руҳӣ медиҳанд. Мегӯянд, ки ин одам ин хел карду ту кардан наметавонӣ”.
Омбудсмени тоҷик ба занону шавҳарон дар Тоҷикистон маслиҳат дод, ки аз азоби ҷисмонию руҳӣ канорагирӣ кунанд ва "пойро ба андозаи кӯрпа дароз намоянд". Ӯ афзуд, “баъзан мардон имконият надоранд, аммо занҳо талаб мекунанд. "Пойро ба андозаи курпа дароз кардан даркор. Бояд тамоми масоили хонаводагӣ бо маслиҳат ҳал шаванд. Дар солҳои охир баҳсҳои оилавӣ, махсусан сари молу мулк зиёд шудааст”.