Барои кӯдакон ва наврасон дар театри лўхтак намоишномаи Абдуғаффор Абдуҷабборов таҳти унвони «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк» дар арафаи соли нав ба намоиш гузошта шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, намоишномаи мазкурро Зафар Ҷаводов, Арбоби шойистаи санъати Тоҷикистон ба саҳна гузоштааст.
Манбаъ афзуд, нақшҳоро ҳунармандони театр Ҷ. Олимов, Мунисаи Ширинбек, Рамазони Илҳом, Татяна Нарышева, М. Раҳматуллоева, В. Сайфиддин, М Назруллозода иҷро намуданд. Ба қавли сарчашмаи хабар, ин намоишнома беҳтарин тӯҳфаи солинавӣ ба кўдакону наврасони ҷумҳурӣ мебошад.